Дар минтақаҳои ҷанубу ғарби Тоҷикистон корҳои омӯзишӣ-геофизикӣ оғоз гардид

Июнь 12, 2025 15:50

ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар минтақаҳои ҷанубу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омӯзишӣ-геофизикӣ дар намуди сейсмоиктишофӣ бо усули 2D оғоз гардид. Корҳои омӯзишӣ-геофизикӣ дар доираи лоиҳаи «Бохтар» аз ҷониби Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) амалӣ мешавад.

Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  бахшида ба оғози марҳилаи нави корҳои сейсмоиктишофӣ  ҳамоиш доир гардид. Иштирокдорони ҳамоиш  нахуст аз намоиши дастгоҳу таҷҳизотеро, ки барои корҳои сейсмоиктишофӣ ва пармакунӣ истифода мешаванд,  тамошо  намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз дошт, ки ин раванд на танҳо оғози кор дар самти нафту газ мебошад, балки як марҳилаи нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии мамлакатамонро низ фаро мегирад.

«Аз соли 2024 инҷониб корҳои геологию геофизикӣ  дар ҷанубу ғарби мамлакат оғоз гардид. Соли гузашта, корҳои магнито ва гравииктишофӣ дар масоҳати 15 400 километри мураббаъ ба маблағи умумии 7,4 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо муваффақият анҷом дода шуданд»,-афзуд вазир.

Иттилоъ дода шуд, ки  марҳилаи нави корҳои сейсмоиктишофӣ бо усули 2D  дар масоҳати 1017 километр  гузаронида  мешавад. Корҳои сейсмоиктишофӣ бо усули 2D имкон медиҳад, то нуқтаҳои пармакунии ояндадор бо асоснокии илмӣ муайян гардад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2025 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард