Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Июнь 30, 2025 10:47

ДУШАНБЕ, 30.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи дуюми  тобистон — июл дар мамлакат  ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шудааст. Дар давоми моҳ баландшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар назар буда, ҳаво дар водиҳо то 44, ноҳияҳои ҷанубӣ то 46 ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 38 дараҷа гарм мешавад. Ҳавои моҳи июли имсола ба соли 2001 шабоҳат дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд.

Дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 26+32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 24 дараҷа  гармиро ташкил медиҳад.  Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 35 то 44 дараҷа гарм, рӯзҳои алоҳида дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 46 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 30 то 38 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳаво дар водиҳо аз 17 то  28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ аз 13 то 25 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст. Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ камтар пешгӯӣ мешавад.

Моҳи июл дар водиҳои вилояти Суғд ҳаво то 28 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 19 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.  Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо аз 34 то 43 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 22 то 35 дараҷа гарм ва шабонаи ҳаво дар водиҳо аз 17 то 27  дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 7 то 19 дараҷа  гармӣ дар назар дошта шудааст. Рӯзҳои алоҳидаи моҳ дар ноҳияҳои доманакӯҳию-кӯҳӣ боронҳои шиддатнокиашон гуногун пешгӯӣ мешавад. Ҳангоми раъду барқ дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо эҳтимолан чангу ғубор ба амал ояд.

Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво то 20+24 дараҷа гарм мешавад. Давоми моҳ ҳаво аз 24 то 38 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ камтар, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёдтар пешгӯӣ мешавад.  Шамол бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида эҳтимолан чангу ғубор ба амал ояд.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳадди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, ҳаво 9+15 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.  Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешгӯӣ шуда, аз 12 то 20+25º гарм дар назар дошта шудааст. Шабона ҳаво аз 4+9 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 30, 2025 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд