Дар Намоишгоҳи байналмилалии «KIWIE – 2025» занони тоҷик сазовори 10 медал гардиданд

Июнь 3, 2025 11:25

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 24 май дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея Намоишгоҳи байналмилаии «KIWIE – 2025» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок доштанд. Дар ин чорабинӣ занон-ихтироъкорони тоҷик соҳиби 5 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии патенту иттилоот хабар доданд.

Дар намоишгоҳ 445 ихтирои занҳои ихтироъкор аз 15  давлати ҷаҳон пешниҳод гардид. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар ихтироъкор иштирок намуда, 3 нафар ба таври ҳузурӣ ва 7 нафар ба таври маҷозӣ натиҷаҳои эҷодии худро муаррифӣ намуданд. Инчунин 3 нафар занони мамлакат бо «Ҷоизаи махсус»-и дигар давлатҳо сарфароз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2012 то имрӯз занони тоҷик дар Намоишгоҳи «KIWIE» 79 медал, аз ҷумла 31 тилло, 27 нуқра ва 21 биринҷиро соҳиб гаштанд.

АКС: Маркази миллии патенту иттилоот

Июнь 3, 2025 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид