Дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод «Маркази ҷавонон» ва майдончаҳои варзишӣ бунёд карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону шахсони ташаббускор корҳои сохтмонии «Маркази ҷавонон»-и ноҳияи Рашт оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Ин марказ дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани имконияту шароити мусоид барои наврасону ҷавонон бунёд мегардад.
Ҳамзамон бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо ҷавонони фаъолу ташаббускори ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод тасмим гирифтаанд, ки дар баробари бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ин минтақаҳои баландкӯҳ, чор майдончаи муосири варзиширо навсозӣ намуда, дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба истифода диҳанд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунгоҳи тиббӣ, муассисаи таълимӣ ва маркази ташхисӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Суғд лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт амалӣ гардиданд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд






