Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб се неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода мешавад

Июнь 23, 2025 13:54

ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб се неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Неругоҳи офтобӣ дар деҳаҳои Аличур ва Гулзор то охири моҳи июни соли  равон  ва неругоҳи деҳаи Булункӯл охири моҳи июл ба истифода дода мешавад.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо ҷараёни сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ дар деҳаҳои Аличур бо тавоноии 2,8 МВт (бо насби батареяи захираи энергия 1,4 МВт.соат), Гулзор бо тавоноии 450 кВт (батареяи захираи энергия 220 кВт.соат) ва Булункӯл бо тавоноии 565 кВт (батареяи захираи энергия 360 кВт.соат)-и ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб шинос шуд.

Бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар доираи лоиҳаи «Электрификатсияи деҳот»,  амалӣ гардида, ҳадафи асосӣ таъмини аҳолии минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистони мамлакат бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.

Татбиқи чунин лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар шароити душвори иқлимии ноҳияҳои баландкӯҳ ба беҳтар гардидани шароити зисти аҳолӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии минтақа ва иҷрои ҳадафҳои стратегияи миллии таъмини истиқлоли энергетикӣ мусоидат хоҳад намуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 23, 2025 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд