Дар ноҳияи Данғара ду коргоҳи истеҳсоли оксиген ба истифода дода шуд

Июнь 14, 2025 09:17

ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ду коргоҳи истеҳсоли оксиген ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳифзи саломатии модару кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии мамлакат ба шумор меравад. Яке аз коргоҳи истеҳсоли оксиген дар шуъбаи таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ҷойгир карда шудааст. Истеҳсоли оксиген барои занони ҳомила ва тифлони навзод дар ҳолати зарурӣ хизмат мерасонад.

Дар баробари таъмини беморони ин беморхона, инчунин ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи ноҳияи Данғара низ дар ин самт хизмат расонида мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки баъди мавриди истифода қарор додани ду коргоҳи истеҳсоли оксиген дар Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар гардида, эҳтиёҷоти беморон дар ин муассисаи тандурустӣ бо он пурра таъмин хоҳад шуд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2025 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд