Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар панҷ моҳи соли равон 933 ҳолати қоидавайронкунӣ дар истифодаи неруи барқ сабт шудааст, ки зарари он беш аз 931 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ин хусус зимни вохӯрии Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода бо роҳбарият ва кормандони Шабакаҳои тақсимоти барқи «Рӯдакӣ-2» иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд, вохӯрӣ вобаста ба вазъи амалишавии қонунгузорӣ дар соҳаи энергетика, баррасии оморҳои мавҷуда дар самти истифодаи неруи барқ, пардохти маблағи хизматрасонӣ, коҳиши талафоти неруи барқ ва андешидани тадбирҳои қатъӣ барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо гузаронида шуд.
Раиси ноҳия вобаста ба муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба масъалаи талафоти неруи барқ ба масъулин расонид.
Иттилоъ дода шуд, ки қарзи умумии муштариёни ноҳия дар назди шабакаҳои барқ беш аз 211 миллион сомонӣ буда, қисми зиёди он ба аҳолӣ ва корхонаҳо рост меояд.
Дар панҷ моҳи соли равон беш аз 257 миллион кВт/соат неруи барқ ба шабакаҳо интиқол ёфтааст, ки аз он 72 миллион кВт/соат талафоти тиҷоратиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин раиси ноҳия аз беогоҳ қатъ кардани неруи барқ ва зарари моддии расидан ба пойгоҳҳои обкашӣ изҳори нигаронӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳия бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳолатҳои ғайриқонунӣ аз моҳи апрел то инҷониб гурӯҳҳои корӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратӣ мегузаронанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






