Дар ноҳияи Восеъ ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад

Июнь 18, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад. Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои деҳқонии Миралиободи ноҳия аз 1421 гектар кишти зироати ғаладонагӣ то имрӯз 740 гектари он ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ иттилоъ доданд.

Кишоварзони ноҳияи Восеъ барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани гандум тадбирҳои судманд андешида истодаанд. Айни замон дар хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳия 15 адад техникаҳои ғаладарав ба ҷамъоварии гандум машғул мебошанд.

Кишоварзони ноҳия барои пурсамар истифода бурдани замини корам нақша доранд, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосили гандум дар ин заминҳо дони ҷуворимакка кишт намоянд.

Ба тавсия олимони соҳаи кишовразӣ, дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат ҷамъоварии гандум аз моҳи май оғоз гардида, то моҳи июл идома меёбад. Агар кишовразон сари вақт гандумро ҷамъоварӣ накунанд, аз таъсири офтоб дони он сиёҳ мегардад. Дар ин ҳолат фоидаовари он нобуд шуда, барои коркард ва истеъмол тавсия дода намешавад.

Гандум яке аз навъҳои муҳимтарини зироати хӯрокворӣ аст. Дони гандум серғизо ва серкалория буда, онро аз ду сол зиёд захира карда мешавад.

Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои мувофиқ барои парвариши гандум мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд