Дар Норак бо истифодаи қафасҳои сунъӣ гулмоҳӣ парвариш меёбад

Июнь 18, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак аз ҷониби сокини маҳаллӣ Абдурозиқ Ҳакимов бо истифодаи қафасҳои сунъӣ гулмоҳӣ павариш меёбад, ки дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нахустин мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд,  дар самти инноватсионӣ, хоҷагии гулмоҳипарварии шаҳрванд соли 2021 бо истифодаи қафасҳои сунъӣ дар масоҳати 2,5 садяк бунёд гардидааст.

Аз ҷониби  ин хоҷагӣ   солҳои 2023–2024 41 тонна ва дар 5 моҳи соли равон беш аз 10 тонна гулмоҳӣ истеҳсол шудааст. Айни замон дар хоҷагии мазкур  65 ҳазор дона моҳича парвариш меёбад. Нишондиҳандаи истеҳсоли моҳӣ то охири сол ба 35 тонна хоҳад расид.

Кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошад. Дар ҷумҳурӣ гулмоҳӣ хеле машҳур буда, гӯшти он нисбат ба дигар намуди моҳиҳо лазиз мебошад. Таҷрибаи  Абдурозиқ Ҳакимов нишон дод, ки  парвариши онро  бо истифодаи  қафасхои сунъӣ  ба роҳ мондан мумкин аст.

Гулмоҳии рангин солҳои 80-уми  асри 20 ба шароити обанбори Норак мутобиқ карда шудааст. Онро дар корхонаҳои гулмоҳипарварии Кофарниҳон низ мепарваранд.  Рушди соҳаи моҳидорӣ талаботи замон буда, ба буҷети  мамлакат даромади калон меорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июнь 18, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад