Дар Рашт ҷаласаи комиссияи корӣ оид ба истифодаи неруи барқ доир гардид
РАШТ, 02.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар ноҳияи Рашт таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи 7-уми комиссияи корӣ оид ба истифодаи неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар вохӯрӣ иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли 2025 дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 2531 оид ба пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкунии қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад.
Дар ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани тамғаҳои (пломбаҳои) муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ раисони шаҳру ноҳияҳо, кормандони шабакаҳои барқи минтақа ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадор карда шуданд.
Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шарҳу тафсир намуда, гуфт, ки сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси маърифатнокӣ аз неруи барқи мавҷуда, ки норасоии он хусусияти мавсимию муваққатӣ дорад, сарфакорона истифода намоем. Истифодаи босамару сарфаҷӯёнаи неруи барқ ба рушди босуботи иқтисодии оила ва давлат мусоидат менамояд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






