Дар Роғун бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ 5 иншоот ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун бунёди 105 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ 5 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода мешавад.
Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории шаҳри Роғун Раҳмиддин Зайдов иттилоъ дод, ин 5 иншоот- осиёби обӣ дар деҳаи Хубдара, сохтмони нуқтаи шустушӯй, таъмири нақлиёт, фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва қабули сайёҳон, маркази хизматрасонӣ дар деҳаи Чашмаи Кулло, Маркази савдои «Олами кӯдакон» дар кӯчаи Норакиён ва мағоза дар деҳаи Деҳқонобод мебошанд, ки дар ин ҷо даҳҳо нафар сокинони шаҳр бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Аз 105 иншооти ба нақшагирифташуда, 38 иншоот дар маркази шаҳри Роғун, 14 иншоот дар шаҳраки Оби Гарм, 43 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Қади Об ва 10 иншоот дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ бунёд мегардад. 11 адади он аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохта мешаванд.
То имрӯз дар шаҳр 65 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст, ки 65 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ба ин васила 158 ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, дар иншооти боқимондаи ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






