Дар Санкт-Петербург Ассамблеяи XIX генералии Созмони агентиҳои иттилоотии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор шуд

Июнь 19, 2025 16:05

ДУШАНБЕ, 19.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Ассамблеяи XIX генералии Созмони агентиҳои иттилоотии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (OANA) доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Дар ин ҳамоиш беш аз 100 намояндаи агентиҳои пешрафтаи иттилоотии зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода намояндагӣ намуд.

Мавзуи асосии рӯзномаи ҷаласа нақши агентиҳои иттилоотӣ дар мушкилоти ҷаҳони муосир гардид. Иштирокчиён масъалаҳои муҳими мубориза бо маълумоти бардурӯғ ва паҳншавии фейкҳо, инчунин таъсири технологияҳои зеҳни сунъӣ ба кори воситаҳои ахбори оммаро баррасӣ намуданд.

Дар доираи барнома, иштирокчиён инчунин дар чорабиниҳои Форуми байналмилалии иқтисодии Петербург, ки дар ин рӯзҳо дар Санкт-Петербург мегузарад, иштирок намуданд.

Созмони агентиҳои иттилоотии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (OANA) бузургтарин иттиҳоди минтақавии сохторҳои ВАО мебошад, ки 41 агентии 33 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад. Ба ғайр аз давлатҳои Осиё-Уқёнуси Ором, агентиҳои кишварҳои Шарқи Наздик, инчунин якчанд давлати ИДМ аъзои ин созмон ба ҳисоб мераванд.

Июнь 19, 2025 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст