Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
ДУШАНБЕ, 28.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд корҳои созандагию ободонӣ рӯз то рӯз вусъат ёфта, силсилаи иншооти муҳими ҷашнӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд.
Дар шаҳри Бӯстон, тибқи нақшаи чорабиниҳо, бунёд, таҷдид ва навсозии 223 иншооти ҷашнӣ пешбинӣ гардидааст. Яке аз самтҳои афзалиятноки татбиқи ин нақшаҳо рушди соҳаи саноат, бахусус таъсиси корхонаҳои муосири истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ҷумла, бо ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хубҷамъинвест» сохтмони коргоҳи замонавии забҳ ва бастубандии парранда дар ҳудуди шаҳр оғоз гардидааст.
Коргоҳ бо истифодаи технологияи муосир ба таври пурра автоматикунонида шуда, ҷавобгӯи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ хоҳад буд. Баъди ба фаъолият оғоз кардани он, беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Сохтмони корхонаи забҳи парранда дар шаҳри Бӯстон на танҳо ба рушди иқтисодии маҳал ва таъмини сокинон бо ҷойи кор мусоидат мекунад, балки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






