Дар шаҳри Панҷакент ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ оғоз гардид

Июнь 11, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 11.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Панҷакент ба ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ оғоз намуданд, ки ҳосилнокии он  аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна то 250 сентнерро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд.

Хоҷагии деҳқонии Муслим Холиқови Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани  шаҳри Панҷакен аввалин шуда,  ҷамъоварии картошкаро оғоз намуд. Дар хоҷагӣ имсол дар майдони 19 гектар асосан картошкаи барвақтӣ шинонида шуд. Ҳосили аввалин аллакай ба бозор ба фурӯш гузошта шудааст.

Инчунин дар ин ҷамоат дигар кишоварзон наздик ба 70 гектар картошкаи барвақтӣ кишт намуда буданд. Кишоварзон нақша дорад, ки баъд аз пурра ҷамъоварӣ намудани ҳосили картошка  дар ин замин сабзӣ, қаланфури булғорӣ, шалғам ва дигар зироати полезӣ кишт намоянд.

Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент нақша доранд, ки дар 3900 гектар картошка кишт намоянд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Июнь 11, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад