Дар шаҳри Париж ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Парижи Фаронса ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) оғоз гардид, ки он то 5 июн идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар рӯзи аввал иштирокдорон доир ба масъалаҳои арзёбии натиҷаҳои татбиқи модели нави фаъолият (GPE-2025), пешниҳоди роҳҳои содасозии равандҳои ҳамкорӣ, баррасии механизмҳои маблағгузории муосир ва самаранок мубодилаи афкор намуданд. Инчунин доир ба дастрасии духтарон ба таҳсилот дар доираи татбиқи стратегияи баробарии гендерӣ, инчунин роҳҳои тақвияти ҳамкории давлатҳои шарик ва баланд бардоштани нақши онҳо дар қабули қарорҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бештар таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба соҳаи илму маориф дар замони муосир сухан гуфта, иброз дошт, ки «соҳаи илму маориф асоси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар як давлатро ташкил медиҳад».
«Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар иртибот бо «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муайян карда, омода аст, ки ҳамкории худро дар самти рақамикунонии соҳаи маориф, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолият бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшад», — афзуд вазир.
Ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф барои баррасии масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид






