Дар соҳили Сирдарё барои истироҳату фароғат шароити хуб фароҳам оварда шудааст
ДУШАНБЕ, 09.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои истироҳату фароғати хуби сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд дар соҳили дарёи Сир тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Рӯзҳои наздик ду шиногоҳи нав — яке дар назди тарабхонаи «Форел» ва дигаре дар Боғи «Ғалаба» мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар ҳудуди соҳил инфрасохтори муосир — майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла майдони волейболу мизи теннис, соябонҳо, утоқҳои ивази либос ва ҳавзҳои сунъӣ барои кӯдакон муҳайё карда шудааст. Ҳавзҳои сунъӣ барои оббозии кӯдакон бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Таъмини бехатарии сокинону меҳмонон ва кӯдакон дар мадди назари масъулин қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Барои таъмини бехатарии сокинон аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят дар шаҳри Хуҷанд бо техникаву таҷҳизоти муосир — заврақҳои моториву резинӣ, гидросиклҳои обӣ, киштиҳои назоратӣ ва нақлиёти махсуси наҷотдиҳӣ муҷаҳҳаз аст. Ҳамарӯза 10 нафар корманд дар навбатдорӣ қарор доранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






