Дар Созмони ҷаҳонии гумрук намояндагии доимии Тоҷикистон таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Созмони ҷаҳонии гумрук таъсис дода шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ин ва дигар масъалаҳо дар мулоқоти сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Ян Сандерс дар Брюсел дар ҳошияи ҷаласаи 145/146-уми Шурои Созмони ҷаҳонии гумрук баррасӣ гардид.
Дар мулоқот масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии гумрук, дурнамои таҳкими равобити дуҷониба ва рушди ҳамгироӣ дар самтҳои гуногуни фаъолияти гумрукӣ баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон пайваста аз ташаббусҳои Созмони ҷаҳонии гумрук ҷонибдорӣ менамояд ва дар чорабиниҳои созмон, бахусус дар самтҳои содагардонии расмиёти савдо, рақамикунонии равандҳои гумрукӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ ва блокчейн фаъолона иштирок менамояд.
Иброз гардид, ки дар Тоҷикистон «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029» қабул шудааст. Ин Барнома санади банақшагирии стратегӣ буда, ҳадафаш мутобиқсозии фаъолияти гумрукӣ ба стандартҳои муосири байналмилалӣ мебошад. Барнома панҷ самти калидии рушди мақомоти гумрук, аз ҷумла, такмилиқонунгузорӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ, муосиргардонии инфрасохтори гумрукӣ, рушди маъмурияти гумрукӣ, таҷҳизонидани дидбонгоҳҳои гумрукӣ бо воситаҳои техникии муосир ва боло бурдани сатҳи тахассус ва қобилияти касбии кормандонро дар бар мегирад.
Дар доираи ин Барнома, таъсиси намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Созмони ҷаҳонии гумрук низ пешбинӣ гардидааст.
Хуршед Каримзода изҳори итминон намуд, ки таъсиси чунин намояндагӣ боис мегардад, ки иштироки Тоҷикистон дар фаъолияти созмон густариш ёбад ва нақши мамлакат дар таҳия ва татбиқи стандартҳои байналмилалии гумрукӣ тақвият дода хоҳад шуд.
Дабири кул афзуд, ки Созмони ҷаҳонии гумрук дар минтақаи Осиёи Марказӣ барномаҳои гуногунро дар самти аккредитатсияи кормандони гумрук ва таҳкими иқтидори касбӣ амалӣ намуда, омодааст дар ин самт бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро боз ҳам густариш диҳад.
Ҳамзамон, Ян Сандерс пешниҳоди таъсиси намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Созмони ҷаҳонии гумрукро пазируфта, таъкид намуд, ки созмон барои татбиқи ин иқдом тамоми имкониятҳоро истифода менамояд.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид
Бонки Осиёии Рушд механизми маблағгузории таҷдиди марзҳо ва мусоидат ба тиҷорат дар минтақаи ҲИМОМ-ро тасдиқ намуд
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар доираи татбиқи лоиҳаи озмоишӣ платформаи рақамӣ таҳия мегардад






