Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд

Июнь 30, 2025 19:00

ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд соли равон беш аз 75 ҳазор кӯдакону наврасон  ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Бо ин мақсад 10 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 741 рӯзонаи наздимактабӣ, 103 истироҳатию меҳнатӣ ва 102 варзишию беҳдоштӣ фаъолият доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Бо фаро расидани мавсими гармӣ  ва оғози таътили тобистона дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуда,  барои  истироҳату фароғати хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда  шудааст.  Имсол низ садҳо истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ фаъол гардида, ҳазорҳо нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба истироҳат ҷалб карда мешаванд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, инчунин кӯдакони ятиму бепарастор, хонандагони аълохон, ғолибони озмуну олимпиадаҳои сатҳи маҳалливу ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо роҳхатҳои ройгон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Яке аз калонтарин марказҳои истироҳатию солимгардонии вилояти Суғд, ин  лагери  «20-солагии Истиқлолият» мебошад. Истироҳатгоҳ дорои 6 бинои хобу фароғат, ошхона, толори кино, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ, майдончаҳои варзишӣ ва 3 ҳавзи шиноварӣ буда, имкони дар як баст қабул намудани то 360 нафар хонандаро дорад.

Айни замон дар лагер  беш аз 10 мураббӣ бо наврасон кор бурда, 15 маҳфили гуногун — аз қабили рассомӣ, китобхонӣ, забономӯзӣ, компютер, ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва ғайра фаъолият доранд. Хонандагон тибқи шавқу завқи худ ба ин ё он маҳфил ҷалб шуда, дар озмуну мусобиқаҳои варзишӣ ва зеҳнӣ иштирок мекунанд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 30, 2025 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад