Дар Суғд то нимаи соли 2026 беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода мешавад

Июнь 11, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд то моҳи сентябри соли 2026 беш аз 12 ҳазор иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Тавре дар ҷасалаи корӣ, ки 10 июн доир ба масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ доир шуд, иттилоъ доданд, ки иншооти бунёдшаванда бахшҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, инфрасохтори деҳот ва хизматрасониро фаро гирифта, ба рушди вилоят ва беҳбудии шароити зиндагии сокинон мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин дар  ҷаласа  масъалаи кишти пахта, раванди нигоҳубини он ва иҷрои нақшаи дурнамои пахта мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иброз гардид, ки сари вақт чидани  зардолу ва дигар меваҳои тару тоза, сабзавоти пухтарасида, инчунин  ҷамъоварии беталафи ҳосил яке аз масъалаҳои муҳим барои кишоварзон мебошад. Аз ин рӯ кишовразон аз имконоти мавҷуда истифода намуда, маҳсулоти тару тозаро сари вақт ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳо барои басту банд ва ба содирот ирсол намоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 11, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд