Дар Тоҷикистон беш аз 225 ҳазор тонна хӯроки чорво захира шудааст

Июнь 8, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 08.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. То аввали моҳи июн дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 225 707 тонна хӯроки дурушти чорво захира шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамасола дар мамлакат аз аввали фасли тобистон то охири фасли тирамоҳ хӯроки чорво захира мегардад. Ҳадафаи захираи хӯроки чорво дар фасли зимистон бозори истеъмолии мамлакатро бо гӯшту шир таъмин намудан аст.

Имсол кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Далер-90»-и Ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Балҷувон нақша доранд, ки зиёда аз 500 тонна хӯроки чорворо ҷамъоварӣ ва захира намоянд.

Айни замон маъракаи ҷамъоварии хӯроки сабзи чорво, аз ҷумла беда ва ҷави сабз бо вусъат идома дошта, кишоварзон барои таъмин намудани хоҷагиҳои худ бо хӯроки зарурӣ талош меварзанд.

Дар шароити мураккаби тағйирёбии иқлим ва камбуди манбаъҳои об, ҷамъоварии саривақтии хӯроки чорво ва захираи кофии он яке аз ҷузъҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори соҳаи чорводорӣ маҳсуб меёбад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июнь 8, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид