Дар Турсунзода Фестивали саводнокии молиявӣ баргузор шуд

Июнь 26, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти қарзии молиявӣ, ташкилоти суғуртавӣ ва шарикони рушд дар шаҳри Турсунзода фестивали навбатии саводнокии молиявӣ баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар Фестивали молиявӣ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода ва Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода оид ба аҳаммияти маърифати молиявӣ, зарурати саводнокии молиявии аҳолӣ ва нақши он дар рушди иқтисоди мамлакат сухан намуданд.

Иброз гардид, ки баргузории фестивалҳои саводнокии молиявӣ на танҳо чорабинии омӯзишӣ, балки имкони мусоид барои муошират бо коршиносон, мубодилаи таҷриба ва шиносоӣ бо воситаҳои нави молиявӣ мебошад.

Дар қисмати аввали фестивал мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои суғуртавӣ ва низомҳои пардохту интиқол дар мавзуъҳои гуногун, аз ҷумла «Рушди бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон», «Пешгирии амалҳои қаллобони молиявӣ», «Нақши ташкилотҳои молиявӣ дар баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ», «Аҳаммияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» ва «Дурнамои рақамикунонии низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза карда, иштирокдоронро бо таҷрибаи муосири соҳа шинос намуданд.

Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ озмуни саволу ҷавоб доир гардида, иштирокдорони фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Инчунин дар қисмати дуюми чорабинӣ намоиши маҳсулоти ташкилотҳои молиявӣ ва суғуртавии ҷумҳурӣ ташкил карда шуда, дар он ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва суғурта ба тамошобинони фестивал маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд.

Дар қисми ҷамъбастӣ барномаи фарҳангии рангоранг бо ширкати ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ баргузор гардида, озмуни бурди туҳфаҳо дар асоси саволу ҷавоб доир ба донишҳои молиявӣ фазои чорабиниро барои иштирокдорон боз ҳам идона намуд.

Фестивалҳои саводнокии молиявӣ дар доираи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» гузаронида шуда, ҳадафаш баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ, тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявию суғуртавӣ ва ба ин васила шиносоӣ бо хизматрасониҳои молиявӣ, суғуртавӣ ва пешниҳоди хизматрасонӣ мебошад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 26, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолити давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2486 сомонӣ муқррар шудааст
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки Намояндагии UNICEF малакаҳои амалии молиявӣ баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1060 сомонӣ муқррар шудааст
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд