Дар ҳудуди шаҳри Гулистон сохтмони меҳмонхона ва осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 28.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи соли равон ба шаҳри Гулистони вилояти Суғд 1047 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 3824 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ ба осоишгоҳу табобатгоҳҳо ва меҳмонхонаҳои шаҳр ташриф оварданд. Дар маҷмуъ, дар осоишгоҳҳои шаҳр 4871 нафар истироҳат намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 536 нафар зиёд буда, 112,4 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар медиҳад.
Бояд ёдовар шуд, ки сайёҳии табобатию солимгардонӣ, санаторӣ ва истироҳатӣ дар шаҳри Гулистон рушё ёфта, сол то сол теъдоди хоҳишмандони истироҳат дар Маркази табобатӣ-солимгардонии «Соҳил», Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Усмонҷон», «Осоишгоҳи Шифо» ва «Осоишгоҳи Баҳористон», ки дар ин шаҳр фаъолият доранд, меафзоянд.
Дар шаҳр бо мақсади рушди соҳи сайёҳӣ то 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд инфрасохтори муосир бунёд гардида, сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмиллалӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда мешавад. Аз ҷумла, бинои иловагии шашошёна дар ҳудуди «Осоишгоҳи Баҳористон» ба маблағи беш аз 45 миллион сомонӣ аз тарафи буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд гардида истодааст.
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 6 меҳмонхона, 5 осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ, 1 лагер ва 14 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, ҳамаи онҳо ба сайёҳон хизмат мерасонанд.
Дар меҳмонхона ва осоишгоҳҳои хурду калони шаҳри Гулистон шумораи ҷойҳои хоб барои қабули сайёҳон ба 2284 адад дар як вақт расонида шудааст.
Осоишгоҳҳои шаҳр ҳамасола бо таҷҳизоти муосири табобатию ташхисӣ, варзишию солимгардонӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, баҳри ба талабот ва сифати баланд қабул намудани меҳмонону сайёҳон тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






