Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, ба таври ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва пояҳои давлатдорию давлатсозиамонро боз ҳам таҳким бахшид. Ин нуктаро имрӯз муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода зимни баргузории ҳамоиши идона бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ иброз намуд.
Ба гуфтаи Нигина Ализода, ваҳдати миллӣ сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи навин, ҳамчунин, худогоҳиву худшиносӣ баҳри миллати соҳибмаърифати мо гардид.
«Барои таҳким бахшидан ба ин сулҳу субот моро зарур аст, то ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, риоя намудани Конститутсия ва қонунгузории мамлакат, ҳифзи дастовардҳои сулҳу ваҳдат, эҳтироми Ватан, ҳимоя ва таҳкими иқтидори амниятӣ ва мудофиавии он, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, ҳифзи амнияти давлат, тамомияти арзии он ҳамеша саҳмгузор бошем», — афзуд Нигина Ализода.
Дар ҳамоиш ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода дар мавзӯи «Заковати ваҳдатофарии Пешвои миллат ҳамчун омили стратегӣ дар эҳёи давлатдории миллӣ» маъруза намуда, баён кард, ки сарнавишти таърихии ҳар як миллат бо рӯйдодҳо ва шахсиятҳои тақдирсоз тавъам аст, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз ва печидаи замон нақши таърихӣ мебозанд.
Исфандиёр Собирзода иброз дошт, ки бо заковати сиёсӣ, иродаи қавӣ ва ҷаҳонбинии васеи миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд роҳи сулҳ, субот ва ваҳдати миллиро дар марҳалаи душвортарини таърихи кишвар дарёфт намоянд.
«Ваҳдати миллӣ на танҳо як ормони идеологӣ, балки пояи асосии давлатдории миллии тоҷикон дар замони муосир мебошад, ки дар таҳкими он нақши Пешвои миллат чун меъмори ваҳдат калидӣ ва тақдирсоз аст», — афзуд ӯ.
Таъкид гардид, ки зарур аст, то таҷрибаи ваҳдатофарӣ ва сиёсати сулҳомез ҳамчун як қисми муҳими мероси сиёсӣ ва фарҳангии миллӣ ҳифз ва таблиғ шавад. Омӯзиши амиқи таҷрибаи Пешвои миллат, ворид намудани он ба барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ, инчунин истифода аз он дар низоми таҳия ва амалисозии сиёсати давлатӣ бояд ҳамчун вазифаи стратегӣ амалӣ гардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид






