Дар Вазорати фарҳанг оид ба нақши муассисаҳои фарҳанг дар рушди маънавиёти ҷомеа ҳамоиш доир шуд

Июнь 12, 2025 18:20

ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши муассисаҳои фарҳанг дар рушди маънавиёти ҷомеа» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки қасрҳо, хонаҳои фарҳанг ва муассисаҳои клубӣ яке аз маконҳои асосии фаъолияти бахшҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо баҳри муаррифӣ ва таблиғи сиёсати фарҳангӣ ба шумор мераванд.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳру навоҳии мамлакат қасрҳои боҳашамати фарҳангӣ ва дигар иншооти таъиноти фарҳангӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Бунёди боғҳои нави фарҳангӣ-фароғатӣ, қасрҳои тозабунёди фарҳанг, таъмини китобхонаҳо бо теъдоди зиёди адабиёти тозанашри ватанӣ ва осорхонаҳо дар замони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё ва бештар гардиданд.

Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низомӣ афзуд, ки нақши муассисаҳои фарҳангӣ дар ташаккули зебопарастӣ, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони мамлакат, қабл аз ҳама наврасону ҷавонон мусоидат менамояд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ҳамоиш ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих» ва Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ — «Даргоҳи ҳунару маърифат», ки тибқи нишондоди «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» доир шуданд, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2025 18:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид