Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодии Тоҷикистон бо Бонки Олмонии рушд баррасӣ шуд

Июнь 4, 2025 14:26

ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 июн вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо собиқ Директори Бонки Олмонии рушд (KfW) дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ва Директори навтаъини Бонк ҷаноби Петар Георгиев баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо татбиқи саривақтии лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истнод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ Завқӣ Завқизода миннатдории самимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба KfW барои ҳамкории судманд ва саҳми арзанда дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат баён намуда, таъкид кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои молиявию иқтисодии Олмон пайваста рушд намуда, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо лоиҳаҳои амалкунандаи муштарак дар самтҳои иқтисодию иҷтимоии кишварро баррасӣ намуда, ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва сифатнокӣ онҳо изҳори омодагӣ намуданд.

Завқӣ Завқизода ба Андреас Шнайдер барои роҳбарии сазовор ва саҳми арзанда дар рушди Тоҷикистон ва густариши ҳамкорӣ тули фаъолияти касбӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба Петар Георгиев дар иҷрои вазифаҳои нав комёбиҳо таманно намуд.

Инчунин Завқӣ Завқизода аз Бонки Олмонии рушд даъват намуд, ки дар масъалаи барқарорсозии мақоми Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳои шарики расмии Олмон мусоидат намояд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва пешбурди лоиҳаҳои нави рушд изҳор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 4, 2025 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд