Дар Женева ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода, ки ҷиҳати иштирок дар Иҷлосияи 113-уми Конфронси байналмилалии меҳнат дар Женева қарор дорад, бо директори минтақавии Созмони байналмилалии меҳнат барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Беате Андреас вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ мусоҳибон аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, натиҷаҳои татбиқи Барномаи ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2020 – 2024-ро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаи Нақшаи амал оид ба ҳамкорӣ байни шарикони сетарафаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат оид ба меҳнати арзанда барои солҳои 2025-2026 зудтар баррасӣ ва ба тасвиб расонида шавад.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






