Доир ба мавзуи навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Июнь 1, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҷрибаи байналмилалӣ ва хусусияти миллӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Дар конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Беларус, Озарбойҷон, Амрико,  Қирғизистон ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.

Иштирокдорон дар бораи равандҳои сиёсати иҷтимоӣ, нақши таҳсили калонсолон, ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, рушди иқтисоди рақамӣ ва дигар паҳлуҳои муҳим сухан намуданд.

Дар бахшҳои дигари конференсия масъалаҳои мубрами рушди устувори иҷтимоӣ, ҳамкории минтақавӣ, нақши занон, ҷавонон ва маориф дар раванди сиёсати иҷтимоӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Конференсия ҳамчун заминаи муҳими табодули дониш ва таҷриба ба баҳсҳои созанда ва ташаккули пешниҳодҳои амалӣ барои такмили сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 1, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст