Донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба меҳмонони хориҷӣ либосҳои миллиро намоиш доданд

Июнь 21, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 21.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 июн зимни баргузории Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон-қалби гарми сайёҳӣ», ки дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор шуд, гурӯҳи донишҷӯдухтарони донишгоҳ либосҳои миллиро бо ифтихор ба бар намуда, фарҳанги халқи тоҷикро ба меҳмонони хориҷӣ муаррифӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хабар доданд.

Ин иқдом, ки бо ҳусни зебоӣ ва тобиши ватандӯстона иҷро гардид, на танҳо тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, балки як навъ гиромидошти арзишҳои миллӣ ва пос доштани фарҳанги ниёгон ба шумор меравад.

Меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба куртаҳои чакану атлас ва адрас ки бо маҳорати баланд  дӯхта  шудаанд, баҳои баланд доданд. Меҳмонон  дар бораи мувофиқати рангҳо дар чакан ва маънии гулҳои он пурсон шуданд. Донишҷӯдухтарон дар ҷавоб ба онҳо иброз доштанд, ки ҳар як гули чакан маънои хос ва номи худ дорад, аз ҷумла моҳтоб, ова, ситора, каҷак ва ғайра. Чеварони машҳури чакандӯз мувофиқати рангҳоро дар ин ҳунари бостонӣ дар ҷойи аввал мегузоранд.

Онҳо иброз доштанд, ки чакан на танҳо як навъ либос, балки ифодаи тафаккури зебоиофар, шефтагии эстетикӣ ва рамзи бонувони ҳунарманду тамаддунофари тоҷик аст.

Маҳз чунин ташаббусҳо метавонанд ҳувияти миллиро дар фазои фарҳангии ҷаҳони муосир ҳифз ва таҳким бахшанд.

Донишҷӯдухтарон бо ин амали шоистаи худ собит намуданд, ки арзишҳои миллӣ на танҳо бояд ҳифз шаванд, балки бояд бо ифтихор ба ҷаҳониён муаррифӣ гарданд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Июнь 21, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд