Дурнамои таҳсилоти донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Бирмингем баррасӣ гардид

Июнь 3, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкими робитаҳои илмӣ-таълимӣ ва беҳтар намудани шароити таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Британияи Кабир, дар шаҳри Бирмингем вохӯрии намояндаи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо роҳбари бахши Барномаи омодагии академӣ (Foundation)-и Донишгоҳи Бирмингем баргузор гардид.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ба АМИТ «Ховар» хабар додданд, зимни вохӯрӣ масоили марбут ба рушди ҳамкории дуҷониба, ҷалби довталабони лаёқатманд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сифати таҳсил ва дастгирии академии донишҷӯён баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳия ва татбиқи барномаҳои муштарак, таҳкими робитаҳои илмӣ ва тавсеаи табодули устодону донишҷӯён баён доштанд.

Ҳамчунин дар ин ҷо бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи Бирмингем тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таҳсил доранд, вохӯрӣ баргузор гардид. Намояндагони Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» бо шароити зист ва таҳсили донишҷӯён шинос гардиданд.

Иброз гардид, ки донишҷӯён бояд имкониятҳои фароҳам овардашударо самаранок истифода бурда, барои муаррифии арзишҳои миллӣ ва таъриху фарҳанги тоҷикӣ дар муҳити донишгоҳӣ саҳм гузоранд.

Бояд гуфт, ки донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Бирмингем асосан дар ихтисосҳои сохтмон, муҳандисӣ, технологияи иттилоотӣ ва соҳаҳои марбут ба рушди устувор таҳсил менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи Бирмингем яке аз муассисаҳои пешрафта ва маъруфи Британияи Кабир ба шумор меравад. Тибқи раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳо, он ба садгонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон дохил гардидааст. Ин донишгоҳ дар риштаи муҳандисӣ, сохтмон, технологияҳои иттилоотӣ, илмҳои дақиқ, тиб ва ҷамъиятшиносӣ мавқеи хос дошта, дорои муҳити пешрафтаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва фазои гуногунмиллӣ мебошад.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»

Июнь 3, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад