Душанбе мизбони нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 20.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки дар нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ, ки 8-10 июли соли 2025 дар Душанбе баргузор мегардад, ҳайатҳои беш аз 50 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла беш аз 200 коршиносони байналмилалӣ, зиёда аз 50 ширкати истеҳсолӣ, 25 ҳайати ҳукуматӣ ва зиёда аз 100 соҳибкорони ватанӣ иштирок намоянд. Дар ин хусус дар брифинг, ки 20 июн дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар нишаст масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони воситаҳои ахбори омма доир ба омодагӣ, мақсад ва сатҳи баргузории нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ дар мамлакат маълумот доданд.
Таъкид шуд, ки нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нваи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026- Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар самти ба кишвари саноатӣ табдил додани Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Ҳадафаи форум ва намоишгоҳ ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи нассоҷии мамлакат, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун маркази ояндадори истеҳсолоти нассоҷӣ ва инноватсия мебошад.
Таъкид гардид, ки нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ платформаи муҳими байналмилалӣ барои баррасии дурнамои саноати нассоҷӣ, таҳкими занҷираҳои истеҳсолӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва рушди шаклҳоли устувори ҳамкорӣ мегардад.
Инчунин дар Форум ба масъалаҳои ҳамгироии саноатӣ, ташкили кластерҳои нассоҷӣ ва тавсеаи шарикии байналмилалӣ таваҷчуҳи хоса зоҳир карда хоҳад шуд.
Ҳамзамон интизор меравад, ки дар доираи нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизоти нассоҷӣ ҷаласаҳои пленарӣ, муҳокимаҳои панелӣ, намоишгоҳи махсуси таҷҳизот, намоиши маҳсулоти саноати сабук, инчунин вохӯриҳои корӣ дар сиғаи В2В ва G2В гузаронида шуда, дар онҳо масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ матраҳ хоҳанд гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






