«Душанбе — нусхае аз биҳишт». Таҳти ин унвон дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоб ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 21.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Таҳти унвони «Душанбе — нусхае аз биҳишт» аз ҷониби Муассисаи давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» дар васфи пойтахти Тоҷикистон китоби нав ба нашр расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз «Паёми Душанбе» хабар доданд, маводи китоб бозгӯкунандаи рушди бесобиқаи пойтахт ва беҳбуди рӯзгори сокинони он мебошад, ки зери сарварии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо фаъолияти пурбори роҳбари пешоҳанг, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ имконпазир шудааст.
Дар китоб, ки зери муҳарририи сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Душанбе» Лашкар Шарифзода ба нашр расид, далелҳои муътамад гирд оварда шуда, равандҳои созандагиву ободкорӣ ва пешрафти соҳаҳои мухталифи шаҳри Душанберо дар солҳои охир фаро мегиранд.
Ин асар барои хонанда имкони дарёфти маълумоти дақиқу зарурӣ оид ба дастовардҳои муҳими шаҳрро фароҳам оварда, барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла муҳаққиқон, рӯзноманигорон ва дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ, манбаи муҳими иттилоотӣ ба шумор меравад.
АКС: Муассисаи давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе»








Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид






