Эла Ионеску, намоянда аз Руминия: «Шумо, одамони хушбахтед, ки чунин Ватани зебо доред»

Июнь 1, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Ман нахустин маротиба аст, ки дар Тоҷикистон қарор дорам. Дар ҳақиқат, Тоҷикистон дорои захираҳои бойи оби тоза ва табиати нотакрор аст. Ба бисёр кишварҳои ҷаҳон сафар ва бисёр маконҳои зебою афсонавиро тамошо кардаам, аммо дар хеҷ куҷо ба мисли обҳои Тоҷикистон, дарёҳои мусаффо ва табиати афсункорро надидаам. Шумо, одамони хушбахтед, ки чунин Ватани зебо доред», — чунин иброз намуд намояндаи Руминия Эла Ионеску зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар», ки ҳайати меҳмононро баъди Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряҳо ба сайри шаҳри Норак ҳамроҳӣ менамуд.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки «се рӯз мешавад аз мавзеъҳои зебои Тоҷикистон ба дӯстонам аксҳо равон дорам. Ин зебогиҳоро дида, онҳо дар ҳайрат мондаанд. Бо дӯстонам тасмим гирифтем, ки ин тобистон ҳатман ба Тоҷикистон оем. Махсусан, ба тамошои баҳри Норак меоем, ки ба инсон эҳсоси аҷиби оромӣ мебахшад. Кас аз тамошои оби каб –кабуди он миёни кӯҳҳо сер намешавад».

Дар ин сафар Эла Ионеску ва дигар меҳмонон маконҳои таърихӣ, иншооти истеҳсолиро тамошо карда, аз пазироии самимии мардуми сарбаланди Тоҷикистон, боду ҳавои форам, табиати нотакрори ин сарзамин, обҳои мусаффои ҷонбахшаш таассуроти нек бардоштанд ва ба Тоҷикистон муҳаббат баста, ба мардуми меҳмоннавози он баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки «Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон имконияти зиёд доштааст. Танҳо зарур аст, ки он васеъ тарғиб карда шавад. Бубинед, ман, ки маротиба аввал дар ин сарзамин ҳастам, ба ватани худ нарасида, аллакай нақша дорам, ба ин сарзамини офтобӣ ба муҳлати дарозтар омада, дигар минтақаҳои онро ҳатман тамошо намоям. Аз ин имкониятҳо бояд истифода бурд».

Имрӯз меҳмонон ва иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иншооти муҳими стратегии Тоҷикистон — Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуданд. Инчунин агрегатҳо ва осорхонаи ин иншооти бузурги гидроэнергетикиро тамошо намуданд. Ба меҳмонон доир ба таърих ва фаъолияти неругоҳ маълумот дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» 53 сол муқаддам — соли 1972 ба истифода дода шуда, моҳи декабри соли 1979 агрегати охирини неругоҳ барои истеҳсоли неруи барқ мавриди истифода қарор гирифт. Дар бунёди ин иншооти бузурги стратегию энергетикӣ намояндагони 50 халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон саҳм гузоштаанд. Неругоҳи барқи обии «Норак» бо истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза барои пешрафти саноати мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Пиряхҳоро аз обшавӣ бояд ҳифз намуд, — бардошт аз конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар Душанбе
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
Доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд