Эмомалӣ Раҳмон: «Оростани дастурхони пурдабдаба ва меҳмондории зоҳирпарастонаву намоишкоронаро дини мубини ислом, шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ маҳкум мекунад»

Июнь 5, 2025 09:25

ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Оростани дастурхони пурдабдаба ва меҳмондории зоҳирпарастонаву намоишкоронаро дини мубини ислом, шариат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ маҳкум мекунад. Доир ба ин масъала дар яке аз ҳадисҳои Расули акрам омадааст, ки «осон бигиред ва душвор нагардонед, хабари хуш диҳеду нафрат наоваред». Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон баён намуданд.

«Қаблан низ гуфтаам ва бори дигар хотиррасон менамоям, ки иди Қурбон тӯй нест ва барои таҷлили он дастурхони серхарҷ оростан умуман зарурат надорад. Иди Қурбон – гузоридани намози ид, табрики якдигар, зиёрати падару модарон ва калонсолону беморон, изҳори таъзия ба азодорон ва анҷом додани қурбонӣ танҳо барои шахсоне мебошад, ки имконияти мусоиди молӣ доранд», — иброз намуданд Сарвари давлат.

Ба таъкиди Президенти мамлакат, агар ҳар яки мо аз исрофкориву намоишкорӣ худдорӣ карда, як амали хайрро анҷом диҳем, масалан, зиндагии ятимеро ё хонаи оилаи бесаробонеро обод кунем, кӯчаеро, ки дар он сукунат дорем, таъмир кунем, дар таъмири пуле ё бемористону кӯдакистону мактабе саҳм гузорем, соҳиби савоби зиёд мегардем.

«Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки беҳтар кардани шароити зиндагии аҳли оила ва фарзандон низ амали хайр ва савоб мебошад», — ёдрас шуданд Роҳбари давлат.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 5, 2025 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид