Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид

Июнь 30, 2025 19:17

ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон натиҷаи фаъолияти муассиса дар шашмоҳаи аввали соли 2025 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои гуногуни сохторӣ, роҳбарони донишкадаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Левакант, Хуҷанд ва Данғара, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ, коллеҷу литсейҳо, инчунин ҳайати васеи омӯзгорону муҳаққиқон иштирок намуданд.

Убайдулло Асрорзода аз дастовардҳои муҳими донишгоҳ дар самтҳои таълим, илм, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва рушду татбиқи барномаҳои стратегӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 ёдовар гардид.

Таъкид карда шуд, ки кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ шашмоҳаи аввали соли 2025-ро бо муваффақият паси сар намуда, бо заҳмати содиқонаву масъулиятшиносӣ мавқеи донишгоҳро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшиданд.

Тазаккур дода шуд, ки имрӯз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун як муассисаи таҳсилоти олии бисёрзинагӣ ва бисёрсоҳа мавқеи устувор дар фазои таҳсилотии кишвар ва арсаи байналмилалӣ касб намудааст.

Дар ин замина, бо мақсади татбиқи амалӣ ва пайгиронаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 доир ба сатҳи таълиму тарбия, рушди захираҳои инсонӣ ва воридсозии технологияҳои муосир ироаи гардида буданд, роҳбарияти донишгоҳ тадбирҳои муассир меандешад.

Аз ҷумла, дар самтҳои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, такмили ихтисоси ҳайати омӯзгорӣ, табодули илмӣ ва ба имзо расонидани созишномаҳои нав бо муассисаҳои хориҷӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд. Мавқеи донишгоҳ дар бозори таҳсилотӣ баландтар гардида, дастовардҳои илмӣ ва академии омӯзгорону донишҷӯён вусъат меёбад.

Ҳамзамон фаъолияти сохторҳои донишгоҳ дар шашмоҳаи аввали сол аз ҷониби аъзои Шуро таҳлил гардида, натиҷаҳо қаноатбахш арзёбӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки таҳкими низоми таълим, рушди неруи илмӣ-тадқиқотӣ, тарбияи мутахассисони рақобатпазир ва пайгирии пайвастаи сифат дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор доранд.

Дар интиҳои ҷаласа аз ҳайати омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ даъват карда шуд, ки дар нимсолаи дуюми соли 2025 бо масъулияти дучанд барои расидан ба нишондиҳандаҳои боз ҳам баландтар кӯшиш намоянд. Вобаста ба самтҳои асосии фаъолияти минбаъда аз ҷониби Шурои олимон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Июнь 30, 2025 19:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд