Гармхонаҳои инноватсионии шаҳри Леваканд фаъолияти босамар доранд
ДУШАНБЕ, 13.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Гармхонаҳои инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Витаминҳои Тоҷикистон» дар шаҳри Левакант дар масоҳати 2,5 гектар бунёд ёфтаанд. Дар ин гармхонаҳо помидору бодиринг ва дигар навъҳои сабзавот парвариш меёбанд, ки на танҳо ба бозорҳои вилоят, балки ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, айни замон дар корхона 50 корманд ба кор ҷалб гардидаанд. Кормандони ин корхона на танҳо бо маоши хуб таъмин мешаванд, инчунин бо сабзавоти дар гармхонаҳо парваришёфта, ба таври ройгон таъмин мегарданд.
Дар шаҳри Левакант ҳамчунин хоҷагии ниҳолпарварӣ ва гулпарварии «Абдукарим» фаъолият мекунад. Дар ҳудуди ин хоҷагӣ беш аз 15 то 20 ҳазор ниҳолҳои ороишӣ ва мевадиҳанда, инчунин тақрибан 40 ҳазор гул ва буттаҳои ороишӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда мешаванд.
Инчунин дар хоҷагии боғпарварии ба номи Абдураҳмони Ҷомии шаҳр, дар 5,3 гектар замин боғи мевадиҳанда бунёд шудааст. Дар ин хоҷагӣ асосан навъҳои гуногуни себ, шафтолу, зардолу, олу ва биҳӣ парвариш меёбанд. Айни замон хоҷагӣ дорои 10 саҳмдор буда, маҳсулоти он ҳам барои бозори дохилӣ ва ҳам барои содирот ба хориҷи мамлакат нигаронида шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






