Губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шэнсии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷао Ган бо фазои сармоягузорӣ ва имконияти истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Зимни шиносоӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти минтақа, инфрасохтори муҳайёшуда, имтиёзҳои сармоягузорӣ, инчунин чорабиниҳои дастгирии давлатӣ ба соҳибкорон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Меҳмонон бо раванди истеҳсолӣ, иқтидори технологӣ ва дурнамои рушди як қатор корхонаҳои чинӣ, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» фаъолият доранд, шинос шуданд.
Дар мулоқот бо роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро дар самтҳои рушди саноат, бахши сохтмон, коркарди масолеҳи сохтмонӣ ва таъсиси корхонаҳои нави муштарак мавриди муҳокима қарор доданд.
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» барои густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав ва фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






