Гулҳои мавсимии парваришнамудаи корхонаи «Шаҳри зебои мо» кӯчаю хиёбонҳои Норакро ороиш медиҳанд

Июнь 19, 2025 10:40

ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаъмияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳри зебои мо» дар шаҳри Норак  дар 12,23 гектар  гармхона бунёд намудааст, ки дар он барои зебоии кӯчаву хиёбон, боғу гулгаштҳо ва саҳни бинои идораву ташкилот  гулҳои мавсимӣ парвариш  карда мешаванд. Як қисми ин гармхона барои  парвариши  сабзавот  ҷудо гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар  марҳилаи аввали фаъолияти гармхона корҳои таҷдид дар 1 гектар пурра анҷом ёфтааст. Кишоварзон аллакай дар ин ҷо ба нигоҳубини  гулҳои мавсимӣ оғоз намудаанд. Дар 2 гектари дигар корҳои  навсозӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то моҳи сентябри  соли равон  ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин дар шаҳри Норак Ҷаъмияти дорои масъулияти маҳдуди «Боғи анор» дар 124 гектар фаъолият мекунад, ки  дар он беш аз 10 навъи анор парвариш меёбад.

Айни замон дар 11 гектар бо сабаби хушкшавии ниҳолҳо корҳои азнавбарқароркунӣ ҷараён доранд. Кишоварзон барои ба даст овардани ҳосили фаровон тадбирҳои агротехникӣ, аз ҷумла тоза кардани қаторҳоро амалӣ намуданд.

Дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон 207 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз он 131 гектар ҳосилдеҳ буда, боқимонда боғҳои кӯҳна ва навбунёд мебошанд. Оғози ҷамъоварии ҳосили анор аз 5 октябр оғоз шуда, то 10 ноябр идома меёбад. Дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо анори ватанӣ,  инчунин он ба содирот нигаронида шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июнь 19, 2025 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд