Густариши ҳамкории вилояти Хатлон бо музофоти Шэнсӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Рафти татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Чин дар вилояти Хатлон зимни мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷао Ган мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро байни вилояти Хатлон ва музофоти Шэнсӣ баррасӣ намуданд.
Давлаталӣ Саид ҳамкории судмандро бо музофоти Шэнсӣ ва ширкатҳои чинӣ, аз ҷумла дар бахшҳои саноат ва энергетика, махсусан дар ноҳияи Ёвон – бо фаъолияти корхонаҳои муштараки сементбарорӣ бо иқтидори 1,2 миллион тонна таъкид намуд.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки хати интиқоли барқи «Лолазор» бо ҷалби сармояи Чин бунёд карда шуда, барои содироти неруи барқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигар аҳамияти калидӣ дорад.
Ҷонибҳо ҳамчунин аз татбиқи лоиҳаҳои муштараки саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва фаъолияти ширкатҳои кишоварзии Чин дар ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ ёдовар шуданд.
Бунёди боғи дӯстии Тоҷикистону Чин дар Данғара низ намунаи равобити фарҳангии ду давлат арзёбӣ гардид.
Гуфтан ба маврид аст, ки гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои 2023–2024 беш аз 232 миллион доллар ва дар чор моҳи аввали соли 2025 панҷ миллион долларро ташкил дод.
Ҷао Ган изҳор дошт, ки музофоти Шэнсӣ ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоди рақамӣ, нанотехнология, саноати кимиё, маориф ва омодасозии мутахассисони соҳавӣ низ таваҷҷуҳ дорад.
Бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд, ки байни вилояти Хатлон ва музофоти Шэнсӣ Протокол «Дар бораи нияти рушди муносибатҳои бародарона» (соли 2015) ва Меморандуми дахлдор (аз 4 сентябри соли 2017) ба имзо расида, шаҳри Вэйнан ва ноҳияи Данғара робитаҳои бародаршаҳрӣ доранд.
Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ, боғпарварӣ, омӯзиши забон, баланд бардоштани тахассуси мутахассисон ва дигар самтҳои афзалиятнок изҳори таваҷҷуҳ намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд






