«ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ». Дар шаҳри Кӯлоб форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 20.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Хатлон-қалби сайёҳӣ» бо муарифии имкониятҳои сайёҳии 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон оғоз гардид. Дар намоишгоҳ мамнуъгоҳҳои табиӣ, ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷии дар вилоятбуда, намоиши маҳсулоти ҳунармандону косибон, имкониятҳои саноативу иқтисодии минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешниҳод гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, форум ва намоишгоҳ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табобатию экологӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, имкониятҳои сафар ва саёҳат ба вилояти Хатлон, инчунин таҳким ва банақшагирии ҳамкории муштарак байни ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар панҷ моҳи соли равон ба вилояти Хатлон беш аз 400 ҳазор нафар сайёҳон ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 2 баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳадафи асосии форуми имрӯза муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкили платформаи гуфтугӯи созанда миёни шарикон ва соҳибкорони соҳа мебошад. Дар кори он иштирокдорон рушд ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Форум дар се бахш: ҷалби сармоя ва татбиқи технологияҳои муосир барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, саёҳии тиббӣ ва солимгардонӣ, рушди устувори инфрасохтор ва иқтидорҳои табиӣ, фарҳанги креативӣ ва ҳунарҳои мардумӣ — омили рушд ва шиносоии Хатлон дар арсаи байналмилалӣ доир шуд.
Иброз гардид, ки вилояти Хатлон дорои захираҳои беназири табиӣ, таърихиву фарҳангӣ ва шароити мусоиди экологӣ буда, имкониятҳои фарохе барои густариши намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии фарҳангиву таърихӣ, экологӣ, аграрӣ, муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор пешниҳод мекунад.
Дар вилоят беш аз 900 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, Қалъаи Ҳулбук, Аҷинатеппа, Тахти Сангин, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва Мамнуъгоҳи «Бешаи Палангон» ба феҳрасти Мероси умумибашарии ЮНЕСКО шомил гардидаанд ва имкони ҷалби шумори зиёди сайёҳонро фароҳам меоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






