Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия сазовори ду медал гардиданд

Июнь 4, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия ба номи Абурайҳони Берунӣ сазовори 2 ҷой, аз ҷумла 1 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Олимпиада аз 28 май то 4 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, дар ин чорабинии бонуфузи илмӣ хонандагони боистеъдоди зиёда аз 14 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Тоҷикистонро дар ин Олимпиада 4 нафар хонанда муаррифӣ карда, бо донишу маҳорати худ сазовори 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд.

Олимпиада дар татбиқи бандҳои дахлдори Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардидани солҳои 2020-2040» ва «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» саҳм мегузорад.

   АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 4, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд