Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии FEMO сазовори 17 ҷойи ифтихорӣ шуданд

Июнь 4, 2025 11:33

ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии FEMO сазовори 17 медал, аз ҷумла 2 медали тилло, 6 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Олимпиада аз 29 май то 2 июн дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон байни хонандагони зиёда аз 18 давлати дунё баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин олимпиада 37 нафар хонандагон муаррифӣ намуданд.

Иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии мамлакат дар олимпиадаҳои байналмилалӣ имкон медиҳад, ки хонандагон ба фазои олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ ворид гардида, таҷрибаи давлатҳои пешсафро омӯзанд. Ба ин восита онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ таҷрибаи кофӣ меандӯзанд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 4, 2025 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид