ХУШКМЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН. Имсол аз Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор тонна меваи хушк содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 20.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 22 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» якҷо бо ҷашни Тиргон баргузор мешаванд. Дар ин робита АМИТ «Ховар» оид ба парвариши зардолу ва истеҳсоли хушкмева дар Тоҷикистон маълумоти мухтасар медиҳад.
Дар панҷ моҳи соли равон аз Тоҷикистон беш аз 41,4 ҳазор тонна меваи хушк ба маблағи 15,7 миллион доллар содирот шудааст. Аз он 11,2 ҳазор тоннаашро зардолуи хушк ташкил медиҳад. Дар айни замон ҷамъоварӣ, коркард ва содироти зардолу аз Тоҷикистон ба дигар давлатҳо идома дорад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, содироти меваи хушк нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 ҳазор тонна ё ба маблағи 1,5 миллион доллар зиёд мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки содироткунадаи хушкмева дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он шинохта шудааст.
Хушкмева аз витаминҳои А, В1, В2, В3, В5, В6 ва минералҳо, ба монанди оҳан, калтсий, магний, фосфор, калий, натрий бой мебошад. Хушкмева як хусусияти хуб дорад, онро шумо муҳлати зиёд нигоҳ дошта метавонед. Одатан хушкмеваро бо ду тарз тайёр мекунанд: табиӣ, яъне дар зери нурҳои офтоб ва тарзи дуюм, ин коркарди меваи тар бо сулфур ё ин ки олтингӯгирд мебошад.
Яке аз меваҳои тару тоза ва хушк, ки дар айни замон содирот гардида истодааст, ин зардолу мебошад. Ин меваро дар корхонаҳои махсуси ҷумҳурӣ хушк намуда, содирот мекунанд. Зардолуи хушк барои Тоҷикистон маҳсулоти миллӣ аст, ин бренди истеҳсолӣ мебошад. Имрӯзҳо бештари аз корхонаҳо зардолуро бо сулфур хушк мекунанд.
Ба гуфти академик Турсунбой Аҳмадов, «айни замон дар Тоҷикистон 200 номгӯй навъу намунаҳои зардолу парвариш меёбанд, ки онҳо хеле маъмул ва таърихи зиёд низ доранд. Таърихи парвариши дарахти зардолу ва ба даст овардани ҳосили он дар миқёси Тоҷикистон қариб 5-6 ҳазор солро дар бар мегирад. Дар ин давра деҳқонон, шахсони алоҳида ва олимон тавонистанд якчанд навъҳои маҳаллии дарахти зардолуро офаранд ва онҳо чун навъҳои маъмул дар Тоҷикистон ва берун аз он васеъ паҳн шуданд. Сифатан ин зардолуе, ки дар шароити Тоҷикистон парвариш карда мешавад, ба худ ҳамто надорад».
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон майдони умумии зардолубоғ беш аз 34 ҳазор гектар васеъ шудааст. Истифодаи бештари имконияти табиӣ, дар истеҳсолот ҷорӣ кардани таҷрибаи муосири парвариш ва меҳнати пайваста ба васеъшавии майдони зардолубоғ дар Тоҷикистон оварда расонид.
Соли 1991 майдони умумии боғи зардолу дар Тоҷикистон тақрибан 30 ҳазор гектарро ташкил менамуд. Соли 2024 майдони умумии боғи зардолу ба 64 ҳазор гектар баробар шудааст.
Хушкмеваи зардолу дар ҷаҳон талабгорони зиёд дорад, зеро ба саломатӣ фоида доштани он солҳост, ки собит гаштааст. Витаминҳое, ки дар таркиби зардолуи хушк мавҷуд аст, рагҳоро кушод ва тоза менамоянд. Зардолуи хушк аз магний бой аст ва гардиши хунро дар рагҳо ба танзим медарорад. Агар гардиши хун фаъол бошад, шахс худро ниҳоят хуб эҳсос мекунад. Ҳаракати мунтазами хун кори гурда ва мағзи сарро беҳтар мегардонад. Ин боис мешавад, ки кас хотираи қавӣ дошта бошад.
Ба тавсияи табибон, нафароне, ки ба азхудкунии маълумот сару кор доранд, бояд дар як рӯз то 50 грамм оби хушкмева истеъмол намояд. Истеъмоли доимии он ба нафарони бемории қалб ва занони ҳомиладор бештар тавсия дода мешавад. Чунки он истиробро аз байн мебарад ва гемоглобинро дар таркиби хун зиёд мекунад.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид






