«IMPERIУA TECHSTREAM — 2025». Дар Душанбе барои наврасон нахустин озмуни технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе доир ба омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва табиӣ, рақамикунонии соҳаи маориф ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ таҳти унвони «Imperiуa TechStream — 2025» нахустин озмуни технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар озмун 20 даста аз 10 мактабҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Озмун ба таври интенсивӣ — яъне дар шакли муосир баргузор гардид. Иштирокчиён дар муддати кӯтоҳ бо истифода аз зеҳни сунъӣ вазифаҳои мураккабро ҳангоми барномасозӣ, таҳияи сомонаҳо ва рӯнамоиҳо, таҳлил ва лоиҳакашии онҳо иҷро намуданд.
Ҳадафи асосии озмун дарёфти маҳсулоти омодашуда ҳангоми татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои экология, маориф, тиб, истеҳсолот ва рушди савдо мебошад. Озмун аз ду марҳила иборат буд. Дар марҳилаи А хонандагони синфҳои 6-8 ва дар марҳилаи В хонандагони 9-10 иштирок намуданд.
Дар марҳилаи А ҷойи якум ба Гимназияи №74, ҷойи дуюм ва сеюм ба хонандагони Муасисаи ғайридавлатии «Империяи дониш» дода шуд.
Дар марҳилаи Б ҷойи якум насиби хонандагони Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №3 барои кӯдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе», ҷойи дуюмро Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи Умари Ҳайём» ва ҷойи сеюмро хонандагони Муасисаи давлатии таълими «Литсейи Презедентӣ барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе сазовор гаштанд.
Ёдовар мешавем, ки Мақомоти иҷорияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пайваста ташабуссҳои марбут ба татбиқи консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди низоми маорифро дастгирӣ менамояд. Чунин дастигириҳо барои рушди босуръати давлат замина фароҳам меорад, ки бо баланд бардоштани сатҳи саводнокии аҳолӣ, истифодабарии технологияҳои рақамии IT ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар ҳаёти рӯзмара алоқаманд мебошад.
Имрӯз мо метавонем дар шаҳри Душанбе истифодабарии бомуваффақияти зеҳни сунъиро дар соҳаи хизматрасонӣ мушоҳида намоем. Ин ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рушди инноватсионии шаҳр мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






