Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд

Июнь 6, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 06.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда буда, чангу ғубор ба амал меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония вазида,  чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 6, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад