Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад

Июнь 7, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон  дар мамлакат корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии 37642 метр  ба нақша гирифта  шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ  бо мақсади иҷрои  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 «Дар бораи Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» амалӣ мегардад.

Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҳисоби буҷети муттамарказ ба маблағи 9480,0 ҳазор сомонӣ ба масофаи 5110 метр, аз ҳисоби маблағҳои ғайри буҷетӣ ба маблағи 66638,0 ҳазор сомонӣ ба масофаи 23480 метр, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 12484 ҳазор сомонӣ ба масофаи 6883 метр ва аз ҳисоби маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 1503,0 ҳазор сомонӣ ба масофаи 2169 метр пешбинӣ карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар се моҳи  соли равон  ба маблағи 1033,3 ҳазор сомонӣ ба 4004 метр корҳо иҷро гардида, дар ин самт фаъолият идома дорад.

Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 бо мақсади пешгирӣ намудани хавфи селу обхезиҳо ва шусташавии соҳилҳои дарёҳо таҳия гардидааст. Дар ҳолати иҷро шудани  ҳадафҳои барнома имкон ҳаст, ки заминҳои кишоварзӣ, роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигари муҳими хоҷагии халқ аз таъсири селу обхезиҳо ҳифз гарданд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон дар  фаслҳои  баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва бориши зиёд боиси обхезӣ, омадани ярч ва сел мегардад, ки ба маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти хоҷагии халқ зарари калон мерасонад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад