Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар гармхона бо усулҳои муосир маҳсулот парвариш мекунанд
ДУШАНБЕ, 08.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сокини ноҳияи Восеъ Нодир Зиёев дар гармхонаи худ бо истифода аз усулҳои агротехникаи замонавӣ сабзавот парвариш менамояд. Дар ин гармхона обёрӣ, ки яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ маҳсуб мешавад, бо системаи қатрагӣ истифода мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Нодир Зиёев дар гармхона маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, қаламфури булғорӣ, карам ва дигар сабзавот парвариш менамояд. Ҳар сол аз гармхонааш ҳосили фаровон ба даст оварда, баъди таъмини хонаводааш, боқимондаи маҳсулотро ба фурӯш мебарорад. Ҳатто барои фурӯши маҳсулот ӯро лозим намеояд, ки ба бозор равад. Савдогарони бозор ба хонааш омада, маҳсулоти рӯёндаашро харидорӣ мекунанд.
Ин деҳқони асил ба ғайр аз таҷрибае, ки аз калонсолон оиб ба кишоварзӣ омӯхтааст, инчунин тавассути шабакаҳои интернет бо усулҳои нави парвариши маҳсулот дар кишварҳои пешрафта шинос мешавад.Ҳангоми парвариши сабзавот ин таҷрибаро истифода мебарад.
Айни замон дар гармхонаҳо парвариш намудани маҳсулот роҳи беҳтарини таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти тару тоза ва таъмини даромади устувор барои ҳар як хонаводаҳо мебошад.
Сол то сол таваҷҷуҳи кишоварзон барои дар гармхонаҳо парвариш намудани сабзавоти тару тоза ва полезиҳо меафзояд. Ҳамин аст, ки дар бозорҳои истеъмолии мамлакат дар ҳамаи мавсим маҳсулоти тару тоза ба таври фаровон ба мушоҳида мерасад. Инчунин васеъ гардидани майдони гармхонаҳо аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо вобаста ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат пайваста таъкид менамоянд, ки бояд заминро самаранок истифода бурда, ҳосили бештар бардорем ва дар ҷумҳурӣ чунон шароите фароҳам оварем, ки аз маводи озуқаворӣ танқисӣ накашем.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






