Корхонаи тухмипарварии ноҳияи Файзобод ба кишоварзон 400 тонна тухмиҳои гуногуни картошка пешниҳод намуд

Июнь 18, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назирови ноҳияи Файзобод имсол дар 320 гектар заминҳои корами обӣ кишти зироати гуногун гузаронида аст, ки 164 гектари онро картошка ташкил медиҳад.

Директори Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварӣ Иномҷон Шарипов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки корхона соли равон ба сокинони ноҳия ва минтақаҳои гуногуни мамлакат 400 тонна тухмиҳои гуногуни картошка пешниҳод намуд.

«Аз сабаби оне, ки ҳавои ин минтақа барои истеҳсоли картошка мувофиқ аст, корхонаи вазифадор аст картошкапарварони ноҳияи Файзобод ва шаҳру навоҳии мамлакатро бо тухмиҳои хушсифат таъмин намоянд»,-афзуд Иномҷон Шарипов.

Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назиров дорои 6951 гектар замин мебошад, ки аз ин 320 гектар замини корами обӣ, 118 гектар замини корами лалмӣ, 820 гектар замини зери боғ, 4723 гектар замини чарогоҳ ва 762 гектар дигар заминҳоро ташкил медиҳад. 1486 нафар сокинони ноҳия бо корхона шартнома баста, дар ин заминҳо ба ҳайси иҷоракор ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд.

Имсол Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назиров ва иҷоракорони он навъҳои картошаи «Эвалюшен», «Аладин» ва картошкаи сурхи дупӯстаю сафеди Покистонро кишт намуданд, ки онҳо ба боду ҳавои минтақа мувофиқ буда, ҳосили фаровон медиҳанд.

Соли 2024-2025 Корхонаи воҳиди давлатии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назиров дар якҷоягӣ бо иҷоракорон наздики се ҳазор тонна картошка истеҳсол ва содирот намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 18, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид