Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 26.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарият ва кормандони соҳа ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон».
Дар ҷамъомади тантанавӣ роҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» доир ба нақши муҳим ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инчунин таъмини соҳибихтиёрии Тоҷикистон сухан намуд. Иброз гардид, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар мамлакат суботи комил барқарор гардид ва он оғози ободкориҳо гардид.
Ин санади сарнавиштсоз маротибаи дигар сулҳдӯсту ваҳдатофар будан ва хиради азалӣ доштани мардуми тоҷик, хоса Пешвои миллатро ба ҷаҳониён собит намуд. Ин аст, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон дар ҳалли як қатор низоъҳои дохилӣ дар ҷаҳон истифода мегардад.
Ҳамзамон дар ҷамъомади тантанавӣ иштирокдорон доир ба нақши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояити миллӣ дар ҷумҳурӣ, саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот, рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат ибрози назар намуданд.
АКС: КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»













Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






