«КОРВОНИ КИТОБ». Ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Бадахшон беш аз 6 ҳазор нусха китоб дастрас мегардад

Июнь 6, 2025 09:50

ДУШАНБЕ, 06.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2025» ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 60 номгӯй китоб бо теъдоди 6 ҳазору 39 нусха китоб дастрас мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мукаммал гардонидани китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ мегардад.

То имрӯз китобҳо ба китобхонаҳои ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Шуғнон ба тариқи ройгон оварда расонида шуданд.

Ҳадаф ва моҳияти ин амал, пеш аз ҳама, рушду густариш, баланд бардоштани савияи дониш, маърифатнокии шаҳрвандон ва тарбияи маънавии сокинони ҷумҳурӣ мебошад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 6, 2025 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид