Лукас Эринсон аз Канада: «Дар Тоҷикистон дар як рӯз чор фасли солро мушоҳида намудам»

Июнь 1, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 01.06.2025. /АМИТ «Ховар»/ – Яке аз меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, шаҳрванди Канада ва иштирокдори «Эко-пойга барои пиряхҳо» («Eco-Run For Glacier») Лукас Эринсон пас аз боздид аз Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф иброз дошт, ки дар Тоҷикистон дар як рӯз чор фасли солро мушоҳида намуд.

«Дар ин сарзамин тавонистем, дар як рӯз чор фасли сол – баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистонро мушоҳида намоем. Ин як таҷрибаи беназир буд. Бовар дорам, ки Тоҷикистонро боз хоҳам дид ва ҳатман дӯстонамро барои боздид аз ин кишвари афсонавӣ ташвиқ мекунам», – изҳори таассурот намуд  ӯ.

Меҳмонони дигар бо роҳи танобӣ ба баландии 3020 метр аз сатҳи баҳр баромада, дар муҳити табиии барфпӯшу офтобӣ аксҳои хотиравӣ гирифта, аз манзараҳои зебои кӯҳистон баҳра бурданд.

Онҳо таъкид карданд, ки нияти бозгашт ба ин макони дилфиребро дар фасли зимистон низ доранд.

Ёдовар мешавем, ки Маҷмааи лижаронии «Сафеддара», воқеъ дар 50-километрии пойтахт, яке аз марказҳои муҳими варзишию сайёҳии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо инфрасохтори замонавӣ ва табиати нотакрор сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад